Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳороти беш аз 300 нафар волидани маҳбусон дар бораи талаботи ба истеъфо рафтанашро шарҳ дод.
Ба гуфтаи Шарифов, ӯ ба ин мансаб аз ҷониби президенти Тоҷикистон таъин шудааст ва танҳо ӯ метавонад ӯро аз мансаб сабукдӯш намояд. «Шахси гунаҳкор бояд масъул бошад. Дар низоми мо ҷой доштани камбудиҳоро мо инкор намекунем ва баҳри рафъи онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаем», – иброз дошт Шарифов.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли ҷорӣ беш аз 300 нафар падару модарони маҳкумшудагони дар зиндонҳо қарордошта ва ё дар маҳбасхонаҳо фавтида истеъфои муовини вазири адлияи ҶТ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати мазкур Иззатулло Шарифро талаб карданд.
Мактуб бо ин мазмун ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нусхаи он ба ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит равона шуд.
Дар мактуби иборат аз якчанд саҳифа маълумоти муфассал дар бораи далелҳои лату кӯб ва истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ва гӯё ҷой доштани маслиҳат миёни мақомот доир ба тафтишоти ҳодисаҳои мазкур дарҷ ёфтааст. Ба гуфтаи муаллифони нома, ба мактуб ҳамчунин сабти видеоӣ низ замима шудааст, ки дар он маҳкумшудагон дар бораи ҳодисаҳои зӯроварӣ аз ҷониби кормандони маҳбас ҳикоят мекунанд.
Падару модарони маҳкумшудагон ҳамчунин истеъфои прокурор оид ба иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ Толиб Азимов ва раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро низ тақозо карданд. Ба қавли муаллифони нома, онҳо ба даҳҳо мактуб ва арзу шикояти маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаву зӯроварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намесозанд.



