Ноиби президенти Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, бо ворид шудан ба пойтахти Тоҷикистон ҷаноби Ансорӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд.
Имрӯз дар Кохи Миллат ноиби президенти Ҳиндустонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот баррасии масоили рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар назар аст.
Ноиби нахуствазири Ҳиндустон бо раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ низ мулоқот анҷом хоҳад дод.
Ғайр аз ин, Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ аз Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон низ боздид карда, бо фаъолияти ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошно хоҳад гашт.
Мувофиқи барномаи сафар, рӯзҳои 16-17-уми апрел ноиби президенти Ҳиндустон ба шаҳрҳои бостонии тоҷикон – Хуҷанду Кӯлоб раҳсипор гардида, бо ёдгориҳои таърихӣ ва муассисаҳои таълимии ин манотиқ шинос мешавад.



