Мусодираи 65 кило мухаддирот аз ҷониби кормандони КДАМ

Date:


Дар натиҷаи се амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар қаламрави ВМКБ ва вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 65 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, кормандони Кумита ҳамчунин аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи қаламрави ноҳияи Қумсангир низ ҷилавгирӣ намуданд.

«Дар ҷараёни як амалиёт қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба қаламрави кишвари ҳамсоя баргаштанд ва аз ҷойи ҳодиса ҳудуди 62 кило маводи мухаддир дарёфт шуд, ки ҳудуди 59 килояшро маводи мухаддири ҳашиш ва беш аз 3 килояшро героин ташкил дод», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 28-солаи деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон боздошт шудааст, ки аз ӯ ҳудуди 3 кило ҳашиш ва героин дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ Ҷасур Мамадризоев дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ивази даҳ шиша арақ аз шаҳрванди Афғонистон Фирӯз ҳудуди 385 грамм ҳашиши гирифта, бо маводи мухадир боздошт гардид», – гуфтанд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 950 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...