Намоишгоҳи маҳсулоти вилояти Синтзяни Чин дар пойтахт

Рӯзҳои 20-23-юми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти содиротии вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин доир мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар мулоқоти чанде қабли раиси ПСС ҶТ Шариф Саид бо ҳайати ҳукуматии чинӣ таҳти роҳбарии сардори департаменти тиҷорати вилояти мухтори Синтзян-Уйғур Ся Гуантай дар ин хусус тавофуқ ҳосил шудааст. Ҷонибҳо […]


Рӯзҳои 20-23-юми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти содиротии вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар мулоқоти чанде қабли раиси ПСС ҶТ Шариф Саид бо ҳайати ҳукуматии чинӣ таҳти роҳбарии сардори департаменти тиҷорати вилояти мухтори Синтзян-Уйғур Ся Гуантай дар ин хусус тавофуқ ҳосил шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар муддати 10 рӯз ПСС ҶТ номгӯи самтҳои ояндадори иқтисод, талаботи кишвар ба маҳсулоти технологияи заруриро таҳия намуда, барои дар намоишгоҳ пешниҳод кардан ба намояндагони Чин месупорад.

Раиси ПСС ҶТ таваҷҷуҳи меҳмононро ба маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, зарурати бунёди корхонаҳои коркарди онҳо, манфиатдории Тоҷикистон дар сохтмони роҳҳои мошингард, нақбу пулҳо, роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар бахши тандурустӣ, маориф ва омодасозии кадрҳо ҷалб кардааст.

Дар иттилои ПСС ҶТ зикр мегардад, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин аз 32 млн. $ то ба 2 млрд. $ расидааст, вале мебояд гуфт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми муомилоти хориҷии Тоҷикистон бо ҳеҷ кадоме аз кишварҳои хориҷӣ ба 2 млрд. доллари ИМА нарасидааст.

Тӯли ин солҳо шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, тайи ду соли ахир ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо каме бештар аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти ҳамин Агентӣ, соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин – ҳудуди 662 млн. доллари ИМА ва соли гузашта – тақрибан 670 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.