Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон аз сатҳи пасти маълумотнокии ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.
Бино ба маълумоти Хадамот, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги корӣ буда, сатҳи афзоишии аҳолии коршоям хеле зиёд, вале имконоти дарёфти ҷойи кор хеле ночиз аст. «Ҳамасола садҳо ҳазор аҳолии кишвар баҳри дарёфти кор ба хориҷи кишвар мераванд, вале беш аз 50%-и онҳо маълумоти олӣ ё касбӣ-техникӣ надоранд», – иброз медоранд дар хадамот.
Дар Хадамот таъкид мекунанд, ки имрӯз Тоҷикистон намунаи як кишвари камёфтест, ки дар он сатҳи маълумотнокии насли калонсол нисбат ба ҷавонон беҳтар аст. «Сатҳи тайёрии коргарон ба талаботи бозори меҳнат ва сифати он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест», – зикр мегардад дар маълумот.
Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бар ин назаранд, ки сатҳи нокофии фарогирии аҳолӣ бо маълуоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба маҳдудияти заминаи моддиву техникӣ ва огоҳи нокофии ҷавонон дар бораи имконоти зудтар ба касб соҳиб шудан вобаста аст.
«Хатмкардагони макотиб ба таври пурра дарк намекунанд, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоӣ саивақт соҳиб шудан ба касб кафолати фаъолияти муваффақонаи минбаъдаи меҳнатии онҳо аст», – гуфта мешавад дар маълумоти ХМ.


