Санаи 5-уми май дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи №39-и Восеъ маъракаи интихоботи миёндавраӣ ба парлумон доир мегардад ва имрӯз номазадҳо ба вакилӣ вохӯриҳои охирини худ бо интихобкунандагонро баргузор мекунанд.
Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, дар остонаи овоздиҳӣ рӯзи шанбе дар қаламрави ҳавзаи интихоботӣ ба истилоҳ «рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад, ки дар ин рӯз таблиғоту вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон манъ аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҶТ, ҳамаи чор нафар номзадҳо ба иштирок дар маъракаи интихобот роҳ дода шуда, ҳеҷ кадоме аз онҳо дар давоми маъракаи пешазинтихоботӣ ба ҳавзаи интихоботӣ шикояте набурдааст. Дар ҳавзаи интихоботии мазкур ҳудуди 94 ҳазор нафар интихобкунандагон номнавис шудаанд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи интихоботии мазкур аз Ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби халқии демократӣ Неъматулло Ибодуллоев ва тариқи худпешбарӣ рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва Ҷӯрахон Қурбонов номзадии худро пешбарӣ намуданд.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ба ҷойи намояндаи мардумии ваколатҳояшро пеш аз муҳлат супурда Рустам Латифов санаи 5-уми май доир мегардад. Рустам Латифов бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуд.


