Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохтмони
биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шурӯъ шуд.
Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сохтмони ин биноҳоро мақомоти шаҳрдории пойтахт ба дӯши ширкатҳои сохтмонии ватанӣ – «Мовароуннаҳр», «Пойтахт» ва «Строител-КА» вогузор кардааст ва онҳо ният доранд, аллакай соли оянда бунёди онро ба анҷом расонанд.
Қобили зикр аст, ки хишти аввалро ба таҳкурсии сохтмони ин биноҳо ҳанӯз дар ҷашнгирии Иди Наврӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд.


