Эмомалӣ Раҳмон аз Тавилдара ба Душанбе бармегардад

Date:


Рашт. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард, аз мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ин ноҳия боздид кард.




Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тавилдара ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлат ҳамчунин аз бинои ҷанде қабл қоматафрохтаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия боздид намуда, дар боғи марказии ноҳия бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳолӣ мулоқот орост.



Зикр гардид, ки қаблан сарвари давлат ба ин ноҳия 6 автобуси мусофирбар, 5 трактори МТЗ-80 бо испораш, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 31 компютер фиристод.



Ба иттилои сарчашма, айни замон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати ҷумҳурӣ иштирок дорад ва пас аз анҷоми он ба Душанбе бармегардад.



Ёдрас мекунем, ки сафари кории президенти Тоҷикистон ба водии Рашт 2-уми октябр шурӯъ гардида буд. Зимни сафар сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара аз наздик шинос шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...