Дар арафаи ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорон 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гаштанд

Date:


Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи ҷашни Рӯзи муаллим 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гашта, беш аз 70 нафар омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳо бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд.




Чӣ тавре ки сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумии кишвар 99 ҳазору 354 нафар омӯзгор машғули коранд, ки ҳудуди 53 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд. Сарфи назар аз ин, низоми маорифи ҷумҳурӣ то ҳанӯз ба 6 ҳазору 856 омӯзгор ниёз дорад.



Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ 78 мактаб-интернат, 70 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 35 макотиби таҳсилоти олӣ амал мекунад.



Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, дар арафаи таҷлили ҷашни касбии омӯзгорон ба собиқадорони низоми маорифи кишвар ва собиқ вазирони маорифи ҷумҳурӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...