Интиқоли барқ ба Афғонистон қариб 30% коҳиш ёфт

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бо истинод ба ШСХК «Барқи тоҷик» зикр мегардад, ки моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи марти ҳамин сол ба миқдори 8,2% ё худ 47,5 млн. кВт/соат камтар аст. Дар гузориш гуфта мешавад, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бо истинод ба ШСХК «Барқи тоҷик» зикр мегардад, ки моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи марти ҳамин сол ба миқдори 8,2% ё худ 47,5 млн. кВт/соат камтар аст.

Дар гузориш гуфта мешавад, моҳи гузашта ба ҳисоби миёна шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ 43 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, моҳи апрели соли гузашта ин нишондиҳанда ба миқдори 29 млн. кВт/соат зиёдтар буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаҷми истифодаи умумии нерӯи барқ дар кишвар 1 млрд. 274 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли ҷорӣ 10,7% камтар аст, вале дар муқоиса бо моҳи апрели соли гузашта 38 млн. кВт/соат бештар мебошад.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи апрели соли равон ба Афғонистон дар ҳаҷми 31,6 млн. кВт/соат (ҳудуди 3% аз ҳаҷми умумии истифода дар Тоҷикистон) нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки тақрибан 29% камтар аз ҳаҷми содиршуда дар моҳи март аст. Моҳи марти соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 41 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд.

Гуфта мешавад, тайи 4 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 5,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.