З.Саидов ба тавқифгоҳи КДАМ гузаронида шуд

Шаби гузашта ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокатҳои З.Саидов хабар доданд. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Саидов, аз ин замон дастрасӣ ба […]

ASIA-Plus


Шаби гузашта ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокатҳои З.Саидов хабар доданд.

Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Саидов, аз ин замон дастрасӣ ба зерҳимояашон бештар маҳдудтар шуда, танҳо бо иҷозати роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ имконпазир мегардад.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод Зикр мегардад ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зиддифасод нигаҳдорӣ мешавад.

Имрӯз дар иттилоияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар дода шуд, ки ба Агентӣ аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон Камолов Ш.М. ва Ветнам Хоанг Ван Хиеп нисбати амалҳои ғайриқонунии собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ариза ворид гардидааст.

Дар он зикр мегардад, ки дар натиҷаи баррасии аризаҳои мазкур рӯзи 23-юми май нисбати Саидов мутобиқи моддаҳои 247. қ. 4, б. «б» (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) 250, қ. 4, б. «б» (Тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) ва 314, қ. 3 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Ҳамин тариқ, дар парвандаи Зайд Саидов моддаҳои нав пайдо шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.