Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон Камолов Ш.М. ва Ветнам Хоанг Ван Хиев нисбати амалҳои ғайриқонунии собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ариза ворид гардид. Дар ин бора дар иттилоияи интишоршудаи Агентии зиддифасод хабар дода мешавад.
«Дар натиҷаи баррасии аризаҳои мазкур рӯзи 23-юми май нисбати Саидов мутобиқи моддаҳои 247. қ. 4, б. «б» (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) 250, қ. 4, б. «б» (Тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) ва 314, қ. 3 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд» – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод Зикр мегардад ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зиддифасод нигаҳдорӣ мешавад.


