Шаби гузашта ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокатҳои З.Саидов хабар доданд.
Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Саидов, аз ин замон дастрасӣ ба зерҳимояашон бештар маҳдудтар шуда, танҳо бо иҷозати роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ имконпазир мегардад.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод Зикр мегардад ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зиддифасод нигаҳдорӣ мешавад.
Имрӯз дар иттилоияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар дода шуд, ки ба Агентӣ аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон Камолов Ш.М. ва Ветнам Хоанг Ван Хиеп нисбати амалҳои ғайриқонунии собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ариза ворид гардидааст.
Дар он зикр мегардад, ки дар натиҷаи баррасии аризаҳои мазкур рӯзи 23-юми май нисбати Саидов мутобиқи моддаҳои 247. қ. 4, б. «б» (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) 250, қ. 4, б. «б» (Тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) ва 314, қ. 3 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.
Ҳамин тариқ, дар парвандаи Зайд Саидов моддаҳои нав пайдо шуданд.



