Ҷониби ҳимояи Зайд Саидов имрӯз аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба интихоби чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояашон дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштан шикояти кассатсионӣ бурд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Шуҳрат Қудратов хабар дод, барои содир намудани чун қарор суд ҳеҷ асосе надошт. «Гап сари он аст, ки Саидов ба мақомоти суду тафтишот монеъа эҷод карданӣ набуд ва нияти тарк кардани қаламрави ҷумҳуриро ҳам надошт, зеро агар ӯ ба ин амал даст заданӣ мебуд, аз Аврупо барнамегашт. Аз ин рӯ, ман аз суд дархост мекунам ки чораи пешгирӣ нисбати зерҳимояам ба баёнот дар бораи тарк накардани маҳалли зист иваз карда шавад», – иброз дошт ӯ.
Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Санаи 22-юми май суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Шаби гузашта ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд.



