Ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи Созишнома дар бораи сохтмони ду пул ва роҳҳои автомобилгарди назди онҳо тавассути канали Ғӯлакандоз ва дарёи Қозубағлан (Хоҷа Боқирғон)-ро тасдиқ кард.
Гуфта мешавад, дар Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзҳои давлатӣ дар мавриди ин созишнома мувофиқа ҳосил нашуда, ҷониби Тоҷикистон онро қабул ва ба сохтмон монеъагузорӣ нахоҳад кард.
Ҷараёни сохтмон аз ҷониби мақомоти ваколатдори тарафҳо – Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мувофиқа мешавад.
То анҷоми ҷараёни аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни кишварҳо, дар қитъаи мазкур ҷонибҳо ба сохтмони иншоот ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ машғул намешаванд.
Ҳамчунин дар санади мазкур муқаррар шудааст, ки дар қитъаи мазкур тартиби содашудаи вуруду хурӯҷи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт амал хоҳад кард.


