Раъйдиҳии эрониёни муқими ҶТ дар интихоби президент

Барои раъйдиҳии шаҳрвандони эронӣ дар маъракаи интихоботи раисҷумҳури Эрон, ки муваққатан дар Тоҷикистон муқиманд, дар назди намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе як қитъаи овоздиҳӣ боз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Эрон ҳузур доранд, ки тоҷиранд ё дар ташкилотҳои […]

Аваз Юлдошев


Барои раъйдиҳии шаҳрвандони эронӣ дар маъракаи интихоботи раисҷумҳури Эрон, ки муваққатан дар Тоҷикистон муқиманд, дар назди намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе як қитъаи овоздиҳӣ боз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Эрон ҳузур доранд, ки тоҷиранд ё дар ташкилотҳои марбут ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорони Эрон дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.

Дар сафорати Эрон таъкид намуданд, ки дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки муҳандисону бинокорони эронӣ машғули коранд, қитъаи интихоботии ҷудогона кушода намешавад.

«Сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 қариб пурра ба анҷом расида, аксари бинокорони он ба Эрон баргаштанд ва аз ин рӯ, рӯзи интихобот ба онҷо қуттии овоздиҳии сайёр фиристода мешавад», – гуфтанд дар сафоратхона.

Зимнан зикр гардид, ки барои таъмини иштироки шаҳрвандони эронии муқими хориҷи кишвар, дар сафоратхона ва намояндагиҳои Эрон дар 135 кишвари дунё қитъаҳои интихоботӣ боз карда мешаванд.

Бар асоси қарори Шӯрои нигаҳбони Эрон дар маъракаи интихоботи раисҷумҳури Эрон салоҳияти 8 номзад тасдиқ шудааст. Шӯрои нигаҳбон салоҳияти Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳурии собиқи кишвар ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ, узви тими раисҷумҳурӣ вақти Эрон дар интихоботро таъйид накард.

Шӯрои мазкур номзадии Алиакбари Вилоятӣ – вазири умури хориҷаи пешин ва мушовири пешвои маънавии Эрон; Муҳаммадбоқири Қолибоф – шаҳрдори Теҳрон; Саид Ҷалилӣ – дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ; Муҳсини Ризоӣ – собиқ қумондони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ;  Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил – собиқ раиси Маҷлис; Ҳасани Руҳонӣ – намояндаи пешвои рӯҳонии Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон; Муҳаммад Ғаразӣ – вазири собиқи почта ва телеграфу телефон ва Муҳаммадризо Орифро ба курсии раисҷумҳури Эрон дар интихоботи қарибулвуқӯъ маъқул шуморид.

Маъракаи интихоботи раисҷумҳури Эрон 14-уми июни соли 2013 баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.