Ба иллати боздошти вуруди молу колои ширкатҳои эронӣ дар марзи Ӯзбекистон, маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байнулмилалии «ИнтерЛегПром-2013» дар Душанбе, ки имрӯз бояд сурат мегирифт, ба таъхир афтод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев иброз дошт, агар имрӯз ширкатҳои эронӣ маҳсулоташонро то ба Душанбе бирасонанд, намоишгоҳ пагоҳ кушода мешавад.
«Намоишгоҳи мазкур ҳамасола дар доираи Рӯзи кормандони саноати сабук бо мақсади рушди бозори маҳсулоти ин соҳаи саноат, беҳбуд бахшидан ба муносибатҳо миёни истеҳсолкунандагону фурӯшандагон баргузор мешавад», – гуфт номбурда.
Ба қавли А. Карамалиев, дар намоишгоҳ дар баробари ширкатҳои ватанӣ аз иштироки 50 ширкати эронӣ ва ҳамчунин корхонаҳои Лаҳистону Чин интизорӣ меравад.
Қобили зикр аст, ки ахиран боздошти вуруди молу коло ба Тоҷикистон тавассути марзи Ӯзбекистон ҳам бо роҳи автомобиливу ҳам тариқи роҳи оҳан хусусияти домӣ касб карда истодааст ва дар ин робита Тоҷикистон воситаҳои дигари раҳо ёфтан аз ин мушкилотро ҷӯё аст.
Дар ин росто мебояд гуфт, ки имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон маросими
оғози сохтмони
қитъаи туркманистонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир мегардад.
Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.
Айни замон ҳамлу нақл миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон танҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан имконпазир аст. Моҳи сентябри соли 2000 миёни кишварҳо реҷаи равуо тавассути раводид ҷорӣ гардид.
Ӯзбекистон аз Низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ хориҷ шуда, хариду фурӯши барқ бо Тоҷикистонро қатъ намуд. Ахири соли гузашта интиқоли гази табиӣ низ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ гардид.
Сол то сол ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳои ҳамҷавор коҳиш меёбад. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 62 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2011 ба андозаи 10% камтар аст. Дар зарфи чор моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни давлатҳо ба 8,9 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 40% камтар аст.



