Мусодираи беш аз 50 кило мухаддирот дар пойтахт

Зимни як амалиёти кормандони Раёсати ВКДҶТ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи наздимарзии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Қутбиддинови 34-сола боздошт шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ  18-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 9 килою 088 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт […]

ASIA-Plus


Зимни як амалиёти кормандони Раёсати ВКДҶТ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи наздимарзии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Қутбиддинови 34-сола боздошт шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ  18-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 9 килою 088 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони ҳамин Раёсат бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор сокини шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Ҳавасмоҳ Холоваи 36-сола низ боздошт шудааст, ки аз ҳавлии истиқоматиаш 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...