Раиси БМТ: Низоми бонкӣ ба камбуди захираҳо дучор шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Дар маросими муаррифии таъсиси аввалин Бюрои қарзиву иттилоотӣ дар Тоҷикистон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки низоми бонкии кишвар ба мушкилоти камбуди захираҳои молиявӣ дучор шудааст.

Ба гуфтаи вай, «барои низоми бонкии Тоҷикистон масъалаи қарздиҳӣ дар маҷмӯъ «дардовар» буда, агар ҳаҷми қарзҳои бонкиро бо сармояи онҳо муқоиса намоед, дарвоқеъ ҳам низоми бонкии мо имрӯз ба мушкилоти бузурги норасоии захираҳо рӯ ба рӯ аст».

«Аз ин рӯ, қисми зиёди воситаҳои тавассути низоми бонкӣ барои сармоягузорӣ равонашуда ба воситаҳои амонатӣ дохиланд, ки маъмулан кӯтоҳмуҳлат буда, истифодаи онҳо барои қарздиҳии дарозмуҳлат ғайриимкон мебошад», – иброз дошт ӯ.

Раиси БМТ гуфт, аз ҷониби мақомоти дахлдор барои ҷалби «маблағҳои бештар дарозмуҳлат» ҷиҳати таъмини қарзҳои дарозмуҳлат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, «вале дар ин самт мо то ҳанӯз камбудиҳои зиёде дорем».

Дар робита ба ифтитоҳи аввалин Бюрои қарздиҳиву иттилоотӣ Ширинов зикр кард, ки фаъолияти он ба ҷалби бештари захираҳо барои қарздиҳӣ ба иқтисоду аҳолии кишвар имкон фароҳам меоварад.

Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон низ мавҷудияти «мушкилоти зиёд» дар бахши қарзиву молиявии кишвар, бахусус дар қарзҳои мақсаднокро таъкид намуда, изҳор кард, ки «мо дигар аз бонкҳо дархост намекунем, ки қарзҳои мақсаднок пешниҳод намоянд».

«Акнун агар барои ҳукумат зарур бошад, ба Вазорати молия муроҷиат мекунад ва ба бахши мазкур ҳукумат дигар дахолат нахоҳад кард», – иброз дошт муовини нахуствазир.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...