Таваҷҷуҳи олимони Австрия ба ҳамкорӣ бо олимони тоҷик

Чанде қабл намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Ҳелмут Денк вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот ноиби Президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Арнолд Зуппан ва дигар олимони кишвар иштирок доштанд. Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат И. Насрединов […]

ASIA-Plus


Чанде қабл намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Ҳелмут Денк вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот ноиби Президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Арнолд Зуппан ва дигар олимони кишвар иштирок доштанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат И. Насрединов таъкид кард, ки дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодии ҳарду кишвар, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф зарур мебошанд. Самтҳои ҳамкориҳои зикргардида зимни мулоқоти сарони давлатҳо дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Федералии Австрия Ҳайнст Фишер, ки моҳи марти соли равон сурат гирифта буд, хотиррасон гардиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташкили сафари ҳайати расмии Академияи илмҳои Австрия ба Тоҷикистон бо мақсади баргузории вохӯриҳо ва муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Академияҳои илмҳои ҳар ду кишварро муҳокима карданд.

Ҳамчунин мусоҳибон ба масоили ба имзорасонии ёддошт миёни Академияҳои илмҳои Австрия ва Тоҷикистон, ки заминаи хубе барои густариши муносибатҳои минбаъда байни давраҳои илмӣ хизмат хоҳанд кард, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.