Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонид

Президенти Тоҷикистон қонунҳоро «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон қонунҳоро «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонунҳои баимзорасида пеш аз ҳама барои таҳкими муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории терроризм, мукаммалгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии онҳо ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт таҳия ва қабул гардида, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлату ҷамъият, таҳкими қонуният, тақвият бахшидани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноят, ба хусус ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, танзим ва назорати асъор нигаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, қонунҳои мазкур ба Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани онҳо барои устувор гардидани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пурзӯр намудани мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт иқдоми саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Зикр мегардад, ки матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.