Пешсафии Қирғизистон дар воридоти сӯзишворӣ

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои 5 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза афзуда, тибқи ин нишондиҳанда Қирғизистон аз Русияву Туркманистон пеш гузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз моҳи январ то моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 144 ҳазору 594 […]

Заррина Эргашева


Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои 5 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза афзуда, тибқи ин нишондиҳанда Қирғизистон аз Русияву Туркманистон пеш гузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, аз моҳи январ то моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 144 ҳазору 594 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазор тонна камтар аст.

Нархи миёна барои 1 тонна маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 88 $ поин рафта, 1 ҳазору 80 долллари ИМА-ро ташкил додааст. «Коҳиши нархи миёна аз ҳисоби воридот аз Кирғизистон сурат мегирад», – зикр карданд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 39,2% ё худ 56 ҳазору 711 тонна сӯзишворӣ аз Қирғизистон таҳвил шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазору 172 тонна бештар аст. Нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон 899 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра аз Русия 55 ҳазору 895 тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли гузашта 37 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Ҳиссаи Русия дар ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 38,6% ва нархи миёнаи 1 тонна сӯзишворӣ 1 ҳазору 269 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар зарфи 5 моҳ аз Туркманистон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 338 ҳазор доллари ИМА барои 1 тонна 15,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ (ҳисса дар таркиби воридот – 11,1%) ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,2 ҳазор тонна камтар аст.

Соли равон аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ бо нархи миёнаи 770 доллари ИМА барои 1 тонна 6 ҳазору 330 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба панҷ моҳи аввали соли гузашта 1 ҳазору 835 тонна камтар аст. Ҳиссаи Қазоқистон дар ҳаҷми умумии воридот 4,4%-ро ташкил дод.

Имсол аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 916 доллари ИМА барои 1 тонна 239 тонна (0,2%) маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 тонна зиёдтар аст. Каме бештар аз 10%-и маводи сӯзишворӣ аз кишварҳои дигар таҳвил шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.