Шабдолов: Тоҷикистон якумрӣ дар буҳрони энергетикӣ мемонад

Зимни шарҳу тавзеҳ ва ба баррасии вакилони палати поёнии парлумон пешниҳод кардани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки агар дар бахши сарфаҷӯии энергия ва самаранокии энергия чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, дар ояндаи наздик ҳам Тоҷикистон асосан давлати содиркунандаи ашёи хом ва воридкунандаи маҳсулоти […]

Аваз Юлдошев


Зимни шарҳу тавзеҳ ва ба баррасии вакилони палати поёнии парлумон пешниҳод кардани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» вакили парлумон, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки агар дар бахши сарфаҷӯии энергия ва самаранокии энергия чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, дар ояндаи наздик ҳам Тоҷикистон асосан давлати содиркунандаи ашёи хом ва воридкунандаи маҳсулоти саноатию ғайрисаноатӣ боқӣ монда, ҳамчунин ҳамеша дар буҳрони энергетикӣ қарор хоҳад дошт.

Шабдолов яке аз муаллифон лоиҳаи қонуни мазкур буда, таъкид намуд, ки бо чунин исрофкории истифодаи энергия дар кишвар, ки характери оммавӣ касб кардааст, ҳатто бунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои нав Тоҷикистонро аз буҳрони барқи тайи 20 соли ахир домангир раҳо карда наметавонад.

Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов муҳимияти лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордоштаро таъкид намуда, зикр кард, ки ин қонун асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии масъалаи сарафҷӯии энергия дар ҷумҳуриро муқаррар месозад. «Сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми бахшҳои иқтисод ва хоҷагии коммуналии кишвар иҷрои бандҳои қонун ҳатмианд», – гуфт муовини вазир. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.