Мушкилоти пардохти музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик

Сарфи назар аз даъватҳо ва роҳандозии маъракаи итттилоотӣ миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия оид ба зарурати таҳияи шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии хадамот дар ин кишвар, масъалаи аз ҷониби чанде аз корфармоёни беинсоф пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон мушкилоти рӯзмарра боқӣ мемонад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ […]

Аваз Юлдошев


Сарфи назар аз даъватҳо ва роҳандозии маъракаи итттилоотӣ миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия оид ба зарурати таҳияи шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии хадамот дар ин кишвар, масъалаи аз ҷониби чанде аз корфармоёни беинсоф пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон мушкилоти рӯзмарра боқӣ мемонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон 67 нафар муҳоҷирон оид ба пардохт нашудани музди меҳнаташон ба намояндагӣ муроҷиат кардаанд. «Бо мусоидати бевоситаи намояндагӣ дар зарфи се моҳ ба маблағи умумии беш аз 2 млн. рубл қарзи муҳоҷирон пардохт карда шуд», – иброз дошт ӯ.

Аҳмадов мегӯяд, ба андешаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев, дар анҷоми мавсими корӣ, яъне ахири сол ба ин монанд муроҷиатҳо бамаротиб зиёд мешаванд.

«Соли гузашта бо мусоидати намояндагӣ зиёда аз 15 млн. рубл қарзи муҳоҷирони кории тоҷик аз музди меҳнат пардохт гардид», – зикр кард сухангӯи намояндагӣ ва таъкид дошт, ки сабаби асосии пайдо шудани чунин мушкилот миёни коргару корфармо, даст кашидан аз имзои шартномаи меҳнатӣ мебошад.

Ба қавли Аҳмадов, таҷриба гувоҳи он аст, ки чанде аз корфармоёни беинсоф бо сабабҳои гуногун, баъзан дидаву дониста имзои шартномаи меҳнатии расмиро инкор мекунанд ва ин ҳалли мушкилотро душвор мекунад.

Номбурда ҳамчунин изҳори таассуф кард, ки баъзан ҳамватанони мо на танҳо ба кор кардан бидуни шартномаи расмии меҳнатӣ розӣ мешаванд, балки на ҳамеша ҳатто мушаххасан аз суроғаҳои ҳуқуқӣ ва чӣ гуна тамос гирифтан бо корфармо ҳам огаҳӣ надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.