Афзоиши назарраси воридоти гази моеъ дар соли равон

Дар зарфи 5 моҳи соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 72,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,6 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, моҳи май ҳаҷми воридоти гази моеъ 13,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи апрели […]

Заррина Эргашева


Дар зарфи 5 моҳи соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 72,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,6 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, моҳи май ҳаҷми воридоти гази моеъ 13,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо моҳи апрели соли ҷорӣ 2,5 ҳазор тонна камтар мебошад.

«Нархи миёнаи 1 тонна гази моеъи воридотӣ дар соли равон 604 доллари ИМА-ро ташкил дод ва коҳиши нарх ба назар мерасад, зеро нархи миёна дар соли 2012 ба 660 доллари ИМА баробар буд», – гуфтанд дар вазорат.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 81,2 ҳазор тонна гази моеъ таҳвил дода шуда буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 28,2 тонна бештар аст.

Имрӯз ҳудуди 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд ва ҳаҷми воридоти он аз аввали соли 2012, ҳангоме ки арзиши бензин дар Тоҷикистон ба 1,5 доллари ИМА барои 1 литр расид, ба таври қобили мулоҳиза афзудан гирифт, зеро қимати гази моеъ бамаротиб пасттар аст.

Дар Тоҷикистон ба воридоту фурӯши гази моеъ як қатор ширкатҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо «Тоҷирон», «Фароз», «Зет газ», «Газпромнефт – Тоҷикистон»” ва «Муҳаммад Пӯлод» мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.