Таъсиси ҳудуди 88 ҳазор ҷойи нави корӣ дар 5 моҳ

Дар зарфи 5 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 14 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 27,6%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур ҳудуди 52 […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 5 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 14 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 27,6%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур ҳудуди 52 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 30,2 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, наздики 21,8 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 5 моҳи аввали соли равон ҳудуди 2,5 ҳазор нафар барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми майи соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 79 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 56,6 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра беш аз 8,3 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва зиёда аз 2,2 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба 705 нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 88 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 41,7% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.