Дидору гуфтушунидҳои президенти Тоҷикистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҳамеша мутобиқ ба […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҳамеша мутобиқ ба рӯҳияи созандаи созмон устуворона амал карда, дар татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати рушди Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар санадҳои муҳими қабулшуда, саҳми намоёни худро мегузорад».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пурсамар хоҳад буд.

Интизор меравад, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай пас аз ҳамоиши Бишкек аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гузашта, ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Сипас сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Свен Алкалайро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об, ки моҳи августи соли равон таҳти васоёи СММ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ин конфронс ва чорабиниҳои зиёди дигари байналмилалию минтақавӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ эълон шудааст, баргузор мегарданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари ҳадафҳои Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ – СПЕКА сурат гирифт. «Мо ҷонибдори татбиқи минбаъдаи авлавиятҳои ин Барнома ҳастем, вале, мехоҳем, ки фаъолияти он бештар шаклҳои мушаххасро пайдо намуда, самараноктар бошад», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.