Айбдории маҳбусони муассисаи Хуҷанд ба расонидани хабари бардурӯғ

Прокуратураи вилояти Суғд нисбати ду нафар маҳбуси муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев маъруф бо Қорӣ Садриддин ва Суннатулло Ризоев мутобиқи моддаҳои 33, қ 2 ( Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият  аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Чӣ тавре ки адвокат Файзинисо […]

ASIA-Plus



Прокуратураи вилояти Суғд нисбати ду нафар маҳбуси муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Садриддин Тошев маъруф бо Қорӣ Садриддин ва Суннатулло Ризоев мутобиқи моддаҳои 33, қ 2


(


Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият  аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Чӣ тавре ки адвокат Файзинисо Воҳидова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва навори видеоии сохташуда ба ВАО, аз ҷумла сомонаи ОИ «Азия-Плюс» ва радиои «Озодӣ» ба кушодани ин парванда асос шудааст.

«Прокуратура бар ин назар аст, ки маҳкумшудагон барқасдона якдигарро лату кӯб карда, ҷароҳатҳои онро дар навори видеоӣ сабт кардаанд, то ки бо ин роҳ маъмурият ва кормандони муассисаи ислоҳиро мутааҳам созанд», – гуфт Воҳидова ва бо ишора ба баёноти аз ӯ гирифта дар бораи ифшо накардани маводи тафтишот, аз пешниҳоди маълумоти дигар дар ин хусус худдорӣ кард.

Сардори муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Диловар Арабов далели оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар маҳбусонро ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки дар давраи тафтишоти пешакӣ онҳо ба тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шудаанд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.