Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар масоили об гузаронида шавад

Date:


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон перомуни масъалаи об ақидаҳои худро изҳор намуд. Аз ҷумла, ӯ чунин баён дошт: «Нақши муассири об натанҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд маъруф аст. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини вобаста ба об, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.




Ман аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват менамоям, ки

 

намояндагони воломақоми худро соли 2010 барои иштирок дар анҷумани байналхалқии бахшида ба оби тоза бо мақсади муҳокима ва баррасии муштараки татбиқи «Рӯзномаи байналхалқӣ оид ба проблемаҳои об» ба Душанбе фиристанд.



Дар давоми якчанд соли охир чорабиниҳои зиёди сатҳи гуногун доир карда шуданд, вале шиддати ин мушкилот то ҳанӯз боқист.



Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаву баррасии умумӣ ва ҳалли проблемаҳои об, муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили об гузаронида шавад.



Иҷлосияи мазкур метавонад ҷараёни ҳалли мушкилоти Даҳсолаи обро арзёбӣ карда, масъалаҳои афзалиятноки минбаъдаро муайян намояд». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...