М.Муҳаммадиев сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон

Собиқ ҳамлагари машҳури тими овозадори «Помир»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мешавад. Тавре сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, пагоҳ, 2-юми июл зимни конфронси матбуотӣ дар ФФТ Мӯҳсин Муҳаммадиев зери қарордоди сесола имзо мегузорад. Оғози конфронси матбуотӣ – 15:00. Тамоми рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ даъват карда мешаванд. Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри […]

Аваз Юлдошев


Собиқ ҳамлагари машҳури тими овозадори «Помир»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мешавад.

Тавре сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод, пагоҳ, 2-юми июл зимни конфронси матбуотӣ дар ФФТ Мӯҳсин Муҳаммадиев зери қарордоди сесола имзо мегузорад.

Оғози конфронси матбуотӣ – 15:00. Тамоми рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ даъват карда мешаванд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 таваллуд шудааст. Устоди варзиши ИҶШС. Дар дастаҳои «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (солҳои 1984-1985); «Помир»-и Душанбе (1985-1992), «Локомотив»-и Маскав (1992-1993), «Анкарагучу»-и Туркия (1993-1994), «Спартак»-и Маскав (1994-1995), «Локомотив»-и Нижний Новгород (1996-1997), «Аустрия»-и Вена (1997-1998), «Торпедо»-и Маскав (1998) ва дигар тимҳо ҳунарнамоӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.