Рӯҳониёни Тоҷикистон бар зидди ҲНИТ баромад карданд

Имом-хатибони кишвар ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гирифта шавад.  Дар вохӯрии раисҷумҳур бо рӯҳониёни кишвар, ки имрӯз 4-уми июн баргузор гашт, пешвоёни динии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз номи ҲНИТ гирифта шавад, чун ба андешаи онҳо, дин ниёз ба ҳизб […]

Азия-Плюс


Имом-хатибони кишвар ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гирифта шавад. 

Дар вохӯрии раисҷумҳур бо рӯҳониёни кишвар, ки имрӯз 4-уми июн баргузор гашт, пешвоёни динии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз номи ҲНИТ гирифта шавад, чун ба андешаи онҳо, дин ниёз ба ҳизб надорад.

Аз 15 тан имом-хатибони баромадкарда панҷ нафар масъалаи мазкурро дар рафти суханронии худ матраҳ карданд, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҷамъомадагон бо кафкӯбиҳо истиқбол гардид.

«Фаъолони ҲНИТ мегӯянд, ки агар ба ҳизби мазкур аъзо нагардӣ, пас ту мусалмон нестӣ. Магар варақаи ҳизбӣ  танҳо метавонад аз мусалмонӣ далолат диҳад? Ба ҷуз ин, ҳизби сиёсӣ бояд бо масоили сиёсӣ сарукор бигирад ва аз номи Ислом баромад накунад», – мегуфтанд имом-хатибон.

Танҳо пас аз суханронии имом-хатиби сеюм дар робита ба тағйири номи ҲНИТ раисҷумҳур гуфт, ки «коршиносон масъалаи мазкурро таҳлил хоҳанд кард».

Ба вохӯрии мазкур имрӯз фаъолони шаҳру навоҳии кишвар, имом-хатибон, донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикитон, аъзои Шӯрои уламо, намояндагони Кумитаи дин ва дигарон даъват гардида буданд.

ҲНИТ – ягона ҳизби исломиест, ки дар ҳудуди ОМ фаъолият мекунад. Созмондиҳандаи ва роҳбари он дар солҳои 1993-2006

Саид Абдуллоҳи Нур

ӣ буд. Пас аз вафоти ӯ дар соли 2006 роҳбарии ҳизбро Муҳиддин Кабирӣ ба ӯҳда гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.