Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим дорад, нерӯҳои мухолифини тоҷикро барои иштирок дар интихоботи тирамоҳӣ барои дарёфти маснади раисҷумҳур роҳбарӣ кунад, агар номзади арзандае ба мақоми президентӣ пайдо нашавад.
Дар ин хусус раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ охири ҳафтаи гузашта дар Маскав изҳор дошт. Номбурда афзуд: «Агар мо бовар ҳосил кунем, ки интихобот бо риояи қонун ва усули мантиқии муборизаи сиёсӣ ҷараён мегирад, аз чизе ҳарос нахоҳем дошт».
«Мо намехоҳем, ки интихобот ба ҷомеаи мо ҷудоӣ ворид кунад ва халқи мо ба исломиёну дунявиҳо тақсим шаванд», – иброз дошт пешвои ҲНИТ.
Ба андешаи Кабирӣ, ғолиби интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон набояд танҳо ба ҳизби худ такя кунад.
«Мо ҷонибдори он мавқеъ ҳастем, ки командаи ғолиби интихобот бояд 10 дарсад аз шумори ҳамҳизбиёнаш бошад. Умуман, дар командаи раисҷумҳур бояд 40% ҳизбиён кор кунанд ва 60%-и дигар бояд аз доираҳои тиҷориву технократҳо ташаккул ёбад», – таъкид дошт раиси ҲНИТ.



