Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба бонкҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз хориҷи кишвар 29 млн. 230 ҳазор доллари ИМА, 1 млрд. 794 млн. 187 ҳазор рубли русӣ ва 12 ҳазору 276 евро маблағи пулӣ интиқол шудааст.
Мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Сафар Саидов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки имрӯз дар минтақа филиалҳои 13 бонк, 50 нуқтаи муболилаи асъор ва 67 нуқтаи интиқоли воситаҳои пулӣ фаъолият доранд.
Ба қавли вай, дар зарфи ним сол бонкҳо ба маблағи 135 млн. 412 ҳазору 500 сомонӣ қарз пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 млн. сомонӣ бештар буда, ин ҳам аз таҳкими эътимоди мардум ба муассисаҳои қарздиҳӣ гувоҳӣ медиҳад.
Сафаров ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра аз муомилот ба маблағи умумии 6 млн. 995 ҳазор сомонӣ пулҳои корношояму фарсуда иваз карда шудаанд.


