Таъсиси иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик дар Новосибирск

spot_imgspot_img

Дата:


Зимни мулоқот бо вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирски Русия корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ таъсиси як ҷамъият ё маҳфили муттаҳидсози донишҷӯёни тоҷик дар ин вилоятро пешниҳод намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, таъсиси як иттиҳод ба донишҷӯёни тоҷик на танҳо баҳри иштироки фаъолона дар ҷашнҳои давлативу миллӣ, балки ба ташкилу роҳандозии ба ин монанд чорабиниҳо аз ҷониби худи онҳо имкони мусоид фароҳам меоварад.

«Мо ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, баҳри бо иштироки донишҷӯёни тоҷики муқими вилояти Новосибирск доир кардани чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард», – ибрроз доштааст вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирск Владимир Никонов.

Ба қавли номбурда, дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ ва тибқи квотаи президентӣ айни замон дар макотиби олии вилояти Новосибисрк 220 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм доранд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...