Воридоти тамоми ҳаҷми соли гузаштаи гази моеъ дар нимсолаи аввал

Date:


Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ таҳия мегардад, гуфта мешавад, нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 84 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки нисбат ба тамоми ҳаҷми соли гузаштаи воридоти гази моеъ 2,8 ҳазор тонна бештар аст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки моҳи гузашта ба ҷумҳурӣ ҳудуди 12 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми моҳи май қариб 2 ҳазор тонна камтар аст. Миқдори аз ҳама зиёди воридоти гази моеъ ба моҳи март (беш аз 32 ҳазор тонна) рост меояд ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид гардида буд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ба ҷумҳурӣ гази моеъ тариқи роҳи оҳану автомобилгард асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Таъкид мегардад, ки бинобар сабаби гаронии бензин, ҳоли ҳозир беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба истифодаи гази моеъ ба сифати сӯзишворӣ гузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 20 ҳазор тонна бештар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...