Вазорати энергетика: Тоҷикистону Русия бастаи аснодро бояд тасдиқ кунанд

Дар нишасти матбуотии рӯзи 24-уми июл муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор намуд, ки Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ тасдиқ гардида, дар баробари дигар созишномаҳои ҳукуматӣ, ки ҳамчун бастаи аснод мавриди баррасӣ қарор доранд, мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Ӯ хотиррасон намуд, ки 6-уми феврали […]

Заррина Эргашева


Дар нишасти матбуотии рӯзи 24-уми июл муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор намуд, ки Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ тасдиқ гардида, дар баробари дигар созишномаҳои ҳукуматӣ, ки ҳамчун бастаи аснод мавриди баррасӣ қарор доранд, мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Ӯ хотиррасон намуд, ки 6-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ

Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ

ба имзо расид.

«Ин созишнома дар баробари дигар созишномаҳои шомил ба як баста баррасӣ мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи ин баста, аз ҷумла созишномаҳои ба он мансубро аз Вазорати корҳои хориҷӣ дарёфт карда метавонед, ин ба онҳо дахл дорад», – иброз дошт Муҳиддинов.

Зимни посух ба савол дар бораи манъи содироти маҳсулоти нафтӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, Муҳиддинов зикр кард, ки содироти танҳо маҳслуоти нафтии аз Русия ба кишвари ҳамсоя воридгардида манъ шудааст ва он ба сӯзишвории дар дохили Қирғизистон истеҳсолшуда дахл надорад.

«Қирғизистон мустақилона нафт ва маҳсулоти нафтӣ истеҳсол мекунад», – зикр кард муовини аввали вазир, вале ба саволи чӣ гуна таъсир расонидани ин манъ ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон, ки 40,8%-и маҳсулоти нафтии воридотиаш аз Қирғизистон аст, посухи мушаххас надод.

Ёдрас мекунем, ки

қарори манъи содироти дубораи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон

аз ҷониби нахуствазири ин кишвар Жанторо Сотиболдиев ҳанӯз 17-уми майи соли 2013 ба имзо расида, танҳо нимаи моҳи июл дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон сабаби қабули қарор «бо мақсади роҳ надодан ба камбуди шадид ва афзоиши нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ» маънидод мешавад.

Тибқи қарор, манъи содирот танҳо ба маҳсулоти нафтии Русия мансуб аст, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, сипас асосан ба Тоҷикистон ва як миқдоре ба Афғонистон низ дубора содирот мешаванд. Дар қарор зикр мегардад, ки ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти нафтии худи Қирғизистон манъ нест, вале маҳдуд карда шуда, бояд тариқи роҳи оҳан ва ҳамчунин роҳи мошингард дар ҳайати қатораи на камтар аз 10 автомашина ва танҳо бо барасмиятдарории гумрукӣ сурат гирад.

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон, ҳиссаи маҳсулоти нафтии аз Қирғизистон воридшуда дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон 40,8%-ро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин кишвар истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафтӣ набуда, дар ин масъала худаш комилан ба Русия вобаста аст. Барои муқоиса – нимсолаи аввали соли гузашта ҳиссаи Қирғизистон дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 3,3%-ро ташкил дода буд.

Ҳиссаи Русия дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон 40%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 61,9% баробар буд.

Тайи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 183 ҳазору 194 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14,3 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Арзиши миёнаи воридоти маҳсулоти нафтӣ барои 1 тонна аз кишварҳои хориҷӣ ба тариқи зайл аст: Русия – 1 ҳазору 152 $, Туркманистон – 1 ҳазору 338 $, Қазоқистон – 788 $, Қирғизистон – 899 $, Озарбойҷон – 1 ҳазору 860 $ ва Украина – 1 ҳазору 607 $.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.