Супориши Оқилов ҷиҳати тезонидани ҷараёни сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рӯзи 25-уми июл бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа машварати корӣ доир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат зикр гардидааст, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани мазкур ба рушди иқтисоди минтақаи ҷануби кишвар, имконоти содиротиву […]

ASIA-Plus


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рӯзи 25-уми июл бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа машварати корӣ доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат зикр гардидааст, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани мазкур ба рушди иқтисоди минтақаи ҷануби кишвар, имконоти содиротиву воридотии он ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидати назаррас хоҳад кард.

«Дар машварат қайд шуд, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва қитъаи Ваҳдат-Ёвони он, бо сармоягузорони имконпазири Чин гуфтушунид ҷараён дорад ва дар ин робита Оқилов ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии нақбу пулҳои дар лоиҳа пешбинишуда ва суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунид бо сармоягузори чинӣ супоршҳои мушаххас дод», – гуфт Муҳиддинов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.