Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки президенти Тоҷикистонро дар сафараш ба Маскав ҳамроҳӣ намуд, муддати чанде боз дар пойтахти Русия қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар Маскав Шералӣ Хайруллоев бояд масъалаҳои техникии тавофуқоти ҳосилшуда миёни Раҳмон ва Путин оид ба ҳамкориҳои низомӣ-техникиро ҳаллу фасл намояд.
Ба андешаи коршиносон, бозгашти Хайруллоев ба хотири дақиқ кардани ҷузъиёти кӯмаки Русия дар таъмини Артиши Тоҷикистон бо силоҳи ҷадид ба ивази ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвар ба таъхир афтод.
Аксари коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки маҳз ҳал нашудани ин масъала дар баробари амалисозии созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия бидуни боҷи содиротӣ ва ҷорӣ сохтани баъзе имтиёзот ба муҳоҷирони кории тоҷик сабаби ба дарозо кашидани тасдиқи Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни гуфтушуниди срони кишварҳои Русияву Тоҷикиситон дар Маскав масоили тасдиқ ва амалисозии асноди моҳи октябри соли 2012 баимзорасида миёни кишварҳо баррасӣ шуда, зикр гардид, ки ин масоил ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳанд шуд.


