Боздиди дипломатҳои тоҷик аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирон

Кормандони масъули сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Люберсии вилояти Маскав боздид намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, лагери мувақатии мазкур барои нигоҳдории муҳоҷирони меҳнатие, ки бо ҷурми вайрон намудани тартиби сукунат дар Федератсияи Русия боздошт шудаанд, аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷират дар якҷоягӣ бо […]

ASIA-Plus


Кормандони масъули сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Люберсии вилояти Маскав боздид намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, лагери мувақатии мазкур барои нигоҳдории муҳоҷирони меҳнатие, ки бо ҷурми вайрон намудани тартиби сукунат дар Федератсияи Русия боздошт шудаанд, аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷират дар якҷоягӣ бо вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар таъсис карда шудааст. Дар лагери мазкур теъдоди зиёди истиқоматгоҳҳои хаймагӣ барои хоби боздоштшудагон  омода карда шуда, ин мавзеъ бо ҳоҷатхонаҳо ва кабинаҳои оббозӣ ҷиҳозонида шудааст.

Зимни омӯзиши вазъият дар лагери мазкур теъдоди зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони боздоштшуда мушоҳида шуданд, ки аскарияти онҳо аз рӯи қиёфа, бошандагони кишвари Ветнам буданд. Миёни боздоштшудагон 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд, ки  ҳувияти онхо муайян гардидааст.

Хамчунин, масъулини сафорат бо эшон дар тамос гардида, аз вазъи онхо пурсон шуданд. Аз рӯи нақли онхо, эшонро мақомоти пулиси кишвари иқомат бо гуноҳҳои гуногуни вайрон намудани ҳолати будубош дар Русия боздошт намуда, дар ин лагери муваққатӣ ҷой намудаанд. Зимни суҳбат ҳамагӣ шаҳрвандони тоҷикистонии боздоштшуда иқрор шудаанд, ки дар ҳақиқат зимни будубош дар ин кишвар тартиботҳои муайяншударо вайрон намудаанд. Аммо дар рафти сӯҳбат аз камбудиҳо ва танқисиҳои худ низ дар ин лагер ба кормандони сафорат шикоят намудаанд.

Дар хусуси бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта бо масъулини лагери муваққатӣ сӯҳбат гузаронида шуда, дар рафти он ислоҳи онҳо тақозо карда шуданд. Илова бар ин, боздоштшудагони тоҷикистонӣ хоҳиш карданд, ки барои ҳарчи зудтар ба фиристодани онҳо ба кишвар мусоидат намоянд. Чунки онҳо аз рӯзи 31 моҳи июл боздошт шуда, то ҳол дар шароитҳои номусоиди зист нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин рӯ, чунин ҳолат боиси бад шудани саломатӣ ва нигаронии хешовандонашон гардида метавонад.

Бо мақсади дастрасии маълумотҳо оид ба ҳолати боздошти шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва рафти чораҳои санҷишӣ бо намояндагони сохтору мақомотҳои масъули лагер сӯҳбат гузаронида шуд. Намояндаи мақомоти судии ш.Москва иброз дошт, ки нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми вайрон намудани қоидаҳои маъмурии ҳолатҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия айб эълон карда шуда, аксарияти онҳо ба маблағи муайяншудаи дар ҳаҷми то 2000 рубл ҷарима карда мешаванд. Нисбати ҳар як шаҳрванди боздоштшуда қарор судӣ бароварда шудааст ва бо интиҳои муддати муайяншуда (10 рӯз), ки айбордшаванда метавонад барои аз нав баррасии мурофиа арз кунад, ҳукми таъингардида амалӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.