Суханронии роҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ алайҳи ҳизби худ

Чанде қабл зимни суханронӣ дар Шабакаи аввали давлатии телевизиони Тоҷикистон роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов изҳор кард, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик барои таъсиси ҳизби дорои моҳияи динӣ зарурат вуҷуд надорад. «Ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки баъзе сокинони ВМКБ-ро бидуни хоҳиши онҳо ба ҲНИТ аъзо карданд. Умуман […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни суханронӣ дар Шабакаи аввали давлатии телевизиони Тоҷикистон роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов изҳор кард, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик барои таъсиси ҳизби дорои моҳияи динӣ зарурат вуҷуд надорад.

«Ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки баъзе сокинони ВМКБ-ро бидуни хоҳиши онҳо ба ҲНИТ аъзо карданд. Умуман маълумот дар бораи аъзои ҳизби мазкур дар минтақаи мо ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқат рост намеомад, алҳол дар ҳудуди ВМКБ на бештар аз 38 нафар аъзои боқимондаи ҲНИТ вуҷуд дорад.   Боқимонда, ки ба наздикӣ ахбор дода будем, 2700 – дурӯғ, 3000 – дурӯғ аст, ман инро тасдиқ карда метавонам, ин ҳама дурӯғ аст», – зикр кард Булбулов.

Дар идомаи суханронии худ ӯ аз узви ҲНИТ шудан изҳори таассуф намуд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки изҳороти Булбулов тавассути телевизион таҳти фишори мақомоти амнияти миллии ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.

«Чанде қабл Булбулов ба наздиконаш хабар додааст, ки ӯро тақдири собиқ роҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев интизор аст, ки ба иттиҳоми иштирок дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва муқовимат бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум шуд», – зикр карданд дар ҲНИТ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.