Зайд Саидов аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хоҳиш кардааст, ки бо ӯ вохӯрад

spot_imgspot_img

Дата:


Соҳибкори шинохтаи тоҷик Зайд Саидов, ки айни замон дар боздошгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад, ба


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикитон


Зариф Ализода дархост оид ба вохӯрӣ ирсол кардааст.



Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» вакили дифои соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, 6-уми август Саидов тавассути маъмурияти боздоштгоҳ ба Ализода дархост фиристодааст.

«Дар рафти нишасти матбуотии худ Ализода гуфт: «аз вохӯрии охирони ман бо Зайд Саидов бармеояд…», ки аз суханони ӯ чунин ба назар мерасад, ки ӯ пайваста Саидовро хабар мегирад.  Аммо дар асл чунин нест ва Ализода бо соҳибкор танҳо як маротиба, пас аз панҷ рӯзи дастгиршавиаш вохӯрда буд», – қайд кард Табаров.

Ба гуфтаи ӯ, З. Саидов аз ваколатдор хоҳиш дорад, ки дар вохӯрии бемаҳдудияташ бо вакилони мудофеъ бидуни иштироки нафаре мусоидат кунад.

Табаров дар робита ба саломатии боздоштшуда гуфт, ки Саидов то ҳол аз дарди меъда ва набудани кумаки касбии тиббӣ шикоят дорад. Ҳамчунин ба гуфтаи Табаров, соҳибкор дар бегуноҳии худ устувор аст ва умедро ба тафтишоти холисона аз даст надодааст.

Ёдовар мешавем, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикитон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотие, ки 31-уми июл баргузор гардида буд, гуфт, ки вакилони дифои Зайд Саидов мушкиле дар дастрасӣ ба зерҳимояи худ надоранд ва ба ҷуз ин аз ҷониби худи боздоштшуда ҳам дар робита ба ин шикояте нашудааст.

Зимнан намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мактуби кушоде ба номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нашр карданд ва хоҳиш намуданд, ки дар нисбати Зайд Саидов раҳму шавқат раво дида шавад ва вазъият ба ҳадди эътидол расонда нашавад.

Мактуб 6-уми август дар шабакаи интернетии Facebook нашр гардида, зери он замони пахши хабар зиёда аз 40 нафар имзо карданд. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...