Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон санаи баргузории машварати навбатии марбут ба таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро муайян месозад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, айни замон таҳқиқоти лоиҳаи нерӯгоҳ идома дошта, як қатор ҳисоботи марҳилавӣ оид ба арзёбии иншооти мавҷуда ва дигар ҷанбахои техникӣ таҳия ва ба чоп омода мегардад.
«Мутобиқи таҷрибаи пешин мо ин ҳуҷҷатҳоро дар сомона ба чоп расонида, санаи баргузории машварати минбаъдаро эълон мекунем ва ба ҷомеа барои шиносоӣ бо он вақтӣ кофӣ дар ихтиёр хоҳад буд»,- гуфтанд дар намояндагии бонк.
Мавриди зикр аст, ки қаблан нияти ахири тобистони соли равон баргузор намудани машваратҳои навбатӣ оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун изҳор шуда буд.
Муддати ду сол аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки коршиносони бонк, ҳукуматҳо ва намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарёӣ се марҳилаи ҷаласа оид ба табодули маълумот ва баррасии таҳқиқоти арзёбии лоиҳа гузаронида шуд. Хайати ҳукумати Ӯзбекистон аз иштирок дар ин марҳилаҳо даст кашид.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, баргузории чунин машваратҳо бо намояндгони кишварҳои минтақа ва иштироки коршиносони бонк дар марҳилаҳои калидии ҷараёни баргузории ҳарду таҳқиқоти арзёбӣ ба нақша гирифта шудааст.


