Мурофиаи судии маҳбусон Ризоев ва Тошев пушти дарҳои пӯшида мегузарад

Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқулов мурофиаи судӣ нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома дорад, вале бо иваз шудани судя вазъ тағйир наёфта, ҷаласаи судӣ мисли пешин дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои пӯшида мегузарад ва ба ҳузури журналистон дар мурофиа роҳ намедиҳанд. Мурофиаи судӣ […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқулов мурофиаи судӣ нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома дорад, вале бо иваз шудани судя вазъ тағйир наёфта, ҷаласаи судӣ мисли пешин дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои пӯшида мегузарад ва ба ҳузури журналистон дар мурофиа роҳ намедиҳанд.

Мурофиаи судӣ нисбати махбусон рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ оғоз гардида, бинобар сабаби таъини судя М.Шарифов ба мансаби нав дар минтақаи дигари кишвар, баррасии он боздошта шуд. Ҳарчанд ҷаласаи судӣ кушода бошад ҳам, бо ҳар баҳонае журналистонро ба он роҳ намедиҳанд.

Нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев мутобиқи моддаҳои 21, қ. 1 (Ретсидиви ҷиноят), 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.