«Тоҷик Эйр» боз як ҳавопаймои «Боинг» дастрас кард

Ба муносибати таҷлили ҷашни касбии Рӯзи авиатсияи гражданӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» боз як ҳавопаймои навъи «Боинг»-ро дастрас намуда, нимаи аввали дирӯз он ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, ҳавопаймои мазкур бар асоси лизинги молиявӣ дар доираи барномаи солимгардонии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» харидорӣ шудааст. «Ҳавопаймои «Боинг 737-400» насли […]

ASIA-Plus


Ба муносибати таҷлили ҷашни касбии Рӯзи авиатсияи гражданӣ ҶСК «Тоҷик Эйр» боз як ҳавопаймои навъи «Боинг»-ро дастрас намуда, нимаи аввали дирӯз он ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, ҳавопаймои мазкур бар асоси лизинги молиявӣ дар доираи барномаи солимгардонии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» харидорӣ шудааст.

«Ҳавопаймои «Боинг 737-400» насли заминавии оилаи ҳавопаймоҳои 737 Classic буда, бо 162 ҷойи нишаст барои хатсайрҳои ҳавоии масофаи миёна ва дур пешбинӣ шудааст», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Дар ҶСК «Тоҷик Эйр» ба муносибати 89-уми солгарди таъсисёбии авиатсияи граждании ҶТ ҳамчунин маҷлиси тантанавӣ доир гардида, кормандони пешсаф бо унвонҳои баланди собиқадори авиатсия ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.