Фарогирии беш аз 3 ҳазор нафар кӯдакон дар аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб»-и ҲХДТ

Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии хайрияи «Роҳ ба сӯи мактаб», ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 12-уми август то 1-уми сентябр роҳандозӣ шуд, дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар кӯдакони ятим, дорои имконитяит маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо сарулибос, китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин гардиданд. Бино ба иттилои сомонаи […]

ASIA-Plus


Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии хайрияи «Роҳ ба сӯи мактаб», ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 12-уми август то 1-уми сентябр роҳандозӣ шуд, дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар кӯдакони ятим, дорои имконитяит маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо сарулибос, китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин гардиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин самт кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз худ ташаббус зоҳир намуда, аксияи мазкур аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамовозии зиёд пайдо намуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.