Баррасии имкони ҷалби сармоягузории Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон

Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов бо директори Пажуҳишгоҳи Ҷопон оид ба тадқиқоти иқтисодии Руссия ва ИДМ ҷаноби Окада Кунио доираи васеи масъалаҳо доир ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар соҳаи сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, раиси […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов бо директори Пажуҳишгоҳи Ҷопон оид ба тадқиқоти иқтисодии Руссия ва ИДМ ҷаноби Окада Кунио доираи васеи масъалаҳо доир ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар соҳаи сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, раиси Кумита ба меҳмони ҷопонӣ дар бораи сайъу кӯшишҳои ҳукумат ҷиҳати беҳтаргардонии фазои сармоягузории кишвар, самтҳои асосии фаъолияти Кумита, фазо ва иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва истифодаи қаръи замин, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ маълумоти муфассал пешиҳод намуд.

Окада Кунио аз ташрифи нахустини худ ба Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, дар бораи пажуҳишгоҳ ва мақомоти болоии он Ассотсиатсияи Ҷопонӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ бо Руссия ва ИДМ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Директори Пажуҳишгоҳ ҳавасмандии мардуми Ҷопон ва сармоягузорони ин кишварро ҷиҳати омӯхтани Тоҷикистон, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни давлатҳо, фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳор кард.

Давлаталӣ Саидов доир ба фаъолияти ширкатҳои ҷопонӣ дар Тоҷикистон, самтҳои эҳтимолии фаъолият ва лоиҳаҳое, ки ширкатҳои ин кишвар метавонад дар он иштирок кунанд, маълумоти ҳамаҷониба пешниҳод намуда, барои истифодаи минбаъда дар фаъолияти худ ба Окада Кунио бастаи маводҳои таблиғотӣ вобаста ба қонунгузориии ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кўтоҳи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ тақдим намуд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ аз ҷониби тарафҳо омодагӣ баҳри вусъат бахшидани истифодабарии имкониятҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба изҳор гардида, Окада Кунио аз Раиси Кумита ҷиҳати нашр намудани мусоҳиба дар маҷаллаи «Russia & Business Monthly» иҷозат пурсид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.