Минск: Ба Тоҷикистон супурдани медали «Барои шуҷоат»-и ҷанговари тоҷик

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо мутахассиси пешбари Раёсати абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан ва ҷабрдидагон аз ҷангҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус Александр Лугин ба дипломати тоҷик медали «Барои шуҷоат»-и дарёфтшуда аз ноҳияи Витебски вилояти Витебск супурда шуд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, ин медал ба зодаи Тоҷикистон Качҳар Канаев, […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо мутахассиси пешбари Раёсати абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан ва ҷабрдидагон аз ҷангҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус Александр Лугин ба дипломати тоҷик медали «Барои шуҷоат»-и дарёфтшуда аз ноҳияи Витебски вилояти Витебск супурда шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, ин медал ба зодаи Тоҷикистон Качҳар Канаев, ки соли 1944 дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави Беларус ба ҳалокат расидааст, тааллуқ дорад. Медал минбаъд ба бародари ӯ, ки дар Тоҷикистон иқомат дорад, супурда хоҳад шуд.

Барои фаъолияти пурзаҳмату масъулиятнок ва некхоҳона баҳри ҷустуҷӯ ва дарёфту барқарор кардани маълумотҳо дар бораи ҷанговарони фавтидаву бедаракшуда Қоимдодов ба раҳбарияти Вазорати мудофиа, Раёсати абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан ва ҷабрдидагон аз ҷангҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус, созмони ҷавонони «Иттиҳоди «Ватан» ва Маркази иттилоотиву ҷустуҷӯии «Ватан» изҳори миннатдорӣ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.