Бинои мақомоти шаҳрдории Душанбе кӯчонида мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи кӯчонидани як қатор биноҳои наздик ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба қатори биноҳои бартарафшаванда дар асоси Нақшаи генералии шаҳр бинои мақомоти шаҳрдории пойтахт низ шомил аст, вале дар кадом мавзеи шаҳр сохта шудани бинои нави шаҳрдорӣ […]

Аваз Юлдошев


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи кӯчонидани як қатор биноҳои наздик ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба қатори биноҳои бартарафшаванда дар асоси Нақшаи генералии шаҳр бинои мақомоти шаҳрдории пойтахт низ шомил аст, вале дар кадом мавзеи шаҳр сохта шудани бинои нави шаҳрдорӣ ҳанӯз маълум нест.

Тавре қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ба рӯйхати биноҳое, ки дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳр бояд кӯчонида шаванд, биноҳои осорхонаи Ҳунарманди мардумӣ Гурминҷ Завқибеков, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, прокуратураи пойтахт шомиланд. Ғайр аз ин, боз 39 адад биноҳои истиқомативу таъиноти тиҷоративу иҷтимоии воқеъ дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Пушкин ва Руставели низ кӯчонида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, зимни амалисозии Нақшаи генералӣ чор бинои воқеъ дар маркази шаҳр, ки мероси фарҳангиву таърихӣ маҳсуб меёбанд, кӯчонида намешаванд. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, биноҳои кохи президент, парлумон, Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва бинои Театри академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба феҳристи мероси таърихии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси пойтахт чандин маротиба изҳор кард, ки ҳамаи ҳуқуқҳои моликони биноҳои мавриди кӯчонидан қароргирифта комилан ҳифз шуда, бо салоҳдиди худ онҳо метавонанд аз рӯйи нархи бозор маблағи пулии онро гиранд ё манзили баробарқимат ба он дар пойтахтро соҳиб шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.