Ширкати чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 500 млн. $ маблағгузорӣ карданист

Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар байни Кумитаи мазкур ва ширкати байнулмилалии AMER International Group Co. LTD-и Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур тарафҳо тасмим гирифтанд, ки оид […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар байни Кумитаи мазкур ва ширкати байнулмилалии AMER International Group Co. LTD-и Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур тарафҳо тасмим гирифтанд, ки оид ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои алоқа, саноати сабук, энергетика, кишоварзӣ, саноати куҳӣ, металлургияи ранга ва нақлиёт ҳамкориро густариш диҳанд.

«Ширкати байналмилалии AMER International Group Co. LTD Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифт, ки дар оянда дар ин соҳаҳо наздики 500 млн. долл. ИМА сармоягузорӣ намояд», – зикр мегардад дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкории мутақобиларо дар заминаи Ёддошти тафоҳуми мазкур тақвият бахшанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.