Густариши фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Кӯлоб

Ба муносибати 15-умин солгарди фаъолият дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар минтақаи Кӯлоб ба кӯмакҳои ройгони худ густариши бештар бахшид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Кумитаи мазкур дар Кӯлоб хабар доданд, дар назди хадамоти минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати аҳолӣ ду курси ройгони омӯзиши компютер ва коркарди сангҳои қиматбаҳо […]

Турко Дикаев


Ба муносибати 15-умин солгарди фаъолият дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар минтақаи Кӯлоб ба кӯмакҳои ройгони худ густариши бештар бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Кумитаи мазкур дар Кӯлоб хабар доданд, дар назди хадамоти минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати аҳолӣ ду курси ройгони омӯзиши компютер ва коркарди сангҳои қиматбаҳо боз шуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагии Кумита ва хадамоти шуғли аҳолии минтақа ба ин курсҳо 10-нафарӣ ҷавонону духтарон аз қишри осебпазири ҷомеа қабул шуда, таҷҳизот аллакай насб ва интихоби шунавандагони курсҳо ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ба ҳудуди 1 ҳазор нафар занони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки маҷбуран саробони оилаҳо гардидаанд, дасти ёрӣ дароз намуда, ба онҳо кӯмаки башардӯстонаву қарзҳо, нафақаву кӯмакпулиҳо ва барои хонандагон аз ин  оилаҳо стипендияҳо ҷудо мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки миёни духтарон курсҳои омӯзишии дӯзанда-мотористкаҳо писандида аст, ки барои хониши аъло ва хуб азхудкунии касб метавон ба мошинаи дӯзандагӣ соҳиб шуд. «Дар давраи омӯзишии нав низ қариб нисфи духтарон хоҳиши омӯзиш дар ин курсҳои семоҳаро доранд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.